Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоиҳои эътирозӣ дар Арманистон


Имрӯз ҳазорон нафар аз тарафдорони мухолифини Арманистон бо баргузории раҳпаймоиҳо аз солгарди аввали тазоҳуроти якуми марти соли гузашта ёд карданд. Дар пойтахти он кишвар, шаҳри Ереван дар як тазоҳуроти бидуни иҷозати расмӣ доиршуда ҳудуди 10 000 тазоҳургар гирди ҳам омад. Дар тазоҳуроти як сол пеш, ки ба нишони эътироз ба натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии Арманистон доир шуда, ба даргирӣ бо нирӯҳои пулис печид, 10 нафар, аз ҷумла ду афсари пулис кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG