Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси бӯҳрони молӣ дар нишасти ИА дар Брюссел


Раҳбарони ИА имрӯз дар Брюссел роҳҳои муборизаи муштарак бо асароти бӯҳрони молиро баҳс мекунанд. Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ гуфт, агар Амрико ҷиҳати дифоъ аз саноати дохилиаш иқдом кунад, ӯ аз кишварҳои ИА низ иттихози айни иқдоми муштаракро тақозо хоҳад кард. Сарвазири Итолиё Силвио Берлусконӣ низ аз ин мавзеъи Саркозӣ пуштибонӣ мекунад. Дар нишасти имрӯза дархости Маҷористон, ё худ Венгрия, ки 180 миллиард евро кӯмак мехоҳад, низ баррасӣ хоҳад шуд. Ин охирин баҳси масоили муқобила ба бӯҳрони молӣ дар чаҳорчӯби сарони ИА дар пешорӯи баҳси бӯҳрон дар нишасти сарони гурӯҳи Ҷӣ 20 маҳсуб мешавад. Нишасти Ҷӣ 20, қарор аст, моҳи апрел баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG