Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар даргирии Шӯрообод ду афсари тоҷик кушта шуданд


Шаби ҷумъа ба шанбе, бар асари як даргирии сангин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ду афсари Ожонсии мубориза алайҳи маводи мухаддир кушта ва се марзбони тоҷик захмӣ шуданд. Бино ба бархе хабарҳо, задухӯрд бо гурӯҳи қочоқбарони афғон, ки теъдоди онҳо аз 10 то 30 нафар тахмин зада мешаад, дар минтақаи Ёли ноҳияи Шӯрообод ва бар асоси манобеъи дигар, дар минтақаи Саримазори ҳамин ноҳия рух додааст. Аз маҳалли даргирӣ миқдори бузурги маводи мухаддир ва аслиҳа кашф шудааст. Хабаргузории русии РИА “Новости” мегӯяд, аз ҳайъати нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон як подполковник ва ду прапоршик ҷароҳат бардошта, ба бемористони маркази ноҳияи Шӯрообод мунтақил шудаанд. Табибон вазъи сиҳҳати подполковники маҷрӯҳро вахим арзёбӣ кардаанд. Аз аввали соли ҷорӣ ин бори севвум аст, ки дар ин минтақаи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон чунин даргириҳои сангин рух медиҳанд. Дар ду даргирии аввал 9 қочоқбари афғон кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG