Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Алмаато ба нашрияи мухолифон ҷарима бастанд


Додгоҳи шаҳрии Алмаато дар Қазоқистон барои тӯҳмат рӯзномаи "Тасжарган"-ро 200 ҳазор доллар ҷарима бастааст. Рӯзи панҷшанбе додгоҳи шаҳрӣ ҳукми додгоҳи ноҳиявиро бекор кард, ҳукмеро, ки ҳам рӯзноманигор Алмос Кушербоев ва ҳам ин нашрияи мухолифонро барои тӯҳмат муттаҳам медонист. Додгоҳи шаҳрӣ танҳо рӯзномаро муттаҳам донист ва маблағи ҷаримаро то 200 ҳазор доллар боло бурд. Ромин Мадинов-намояндаи порламон барои мақолаи тӯҳматомез ба додгоҳ шикоят бурда буд.
XS
SM
MD
LG