Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 32 нафар дар хушунатҳои Афғонистон


Бар асари хушунатҳои дирӯза дар Афғонистон 32 нафар кушта шудаанд. Таркиш дар шаҳри Қандаҳор 2 нафарро кушта, 3 тани дигар ва ҳамчунин 5 сарбози афғонро захмӣ барҷой гузошт. Нирӯҳои урдуи Афғонистон дар як даргирии сангин дар вилояти Ҳилманд 18 чирикиро ба ҳалокат расонда, бино ба хабарҳои аз ҷониби манобеъи мустақил ҳанӯз тасдиқношуда, дар вилояти Урузгон 11 ҷангии дигар кушта шуданд. Дар даргириҳои Ҳилманд ду корманди хориҷии тими мубориза алайҳи маводи мухаддир низ ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG