Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон дар Баҷаур оташбас эълон карданд


Дар минтақаи Баҷаур, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, мусаллаҳони ҷунбиши "Толибон" дар бораи оташбаси якҷониба тасмим гирифтанд. Баҷаур дуввумин мавзеъ дар Вилояти Марзи Шимолу Ғарбии Покистон аст, ки толибон ба мусолиҳа бо нерӯҳои ҳукуматӣ розӣ шуданд. Ҳафтаи гузашта дар минтақаи Малоканд миёни онҳо ва ҳукумати маҳаллӣ созиши сулҳ ҳосил шуда буд. Тибқи ин тавофуқ, мақомот ба хотири татбиқи қавонини шариат дар мавзеъ бояд қозиҳоро таъин кунанд ва таъмини адолатро дар Малоканд бар дӯши онҳо бигзоранд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи хабарҳо, мақомоти Покистон дар ивази Хушҳол Хон, як соҳибмақоми давлатӣ, ки бо шаш муҳофизаш дар водии Свот ба асорати Толибон афтода буд, ду узви ин гурӯҳро раҳо кардаанд. Сухангӯи Толибон Муслимхон иттилоъ дод, ки тибқи ваъда ҳукумати Покистон боз як мусаллаҳи толибро озод мекунад.

XS
SM
MD
LG