Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсияи Амрико ба Куриёи Шимолӣ


Ҳилларӣ Клинтон - вазири умури хориҷаи Амрико гуфтааст, то замоне, ки Куриёи Шимолӣ аз гуфтӯгу бо Куриёи Ҷанубӣ сарпечӣ мекунад, равобити кишвараш бо Пхенян беҳбуд нахоҳад ёфт. Ҳангоми суханронӣ дар шаҳри Сеул, пойтахти Куриёи Ҷанубӣ, хонум Клинтон аз Куриёи Шимолӣ даъват кард, аз барномаҳои атомиаш даст бикашад. Вай ҳамчунин Стефан Босворф – дипломати собиқадорро, намояндаи нави кишвараш дар музокироти шашҷониба доир ба барномаҳои атомии Куриёи Шимолӣ таъйин кард.
XS
SM
MD
LG