Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши НАТО дар Краков оғоз мешавад


Имрӯз дар шаҳри Кракови Лаҳистон нишасти дурӯзаи вазирони дифоъи кишварҳои узви НАТО оғоз мешавад. Интизор меравад, ки дар ҷараёни нишаст, Амрико аз аъзои аврупоии ин паймони низомӣ бихоҳад, то нерӯҳои бештаре ба Афғонистон фиристанд ва ё нерӯҳояшонро дар манотиқи хатарноктари он кишвар ҷойгир кунанд. Қарор аст, Олмон теъдоди сарбозонашро дар шимоли Афғонистон,ки минтақаи оромтар аст, 300 нафар афзоиш диҳад. Як рӯз пеш аз нишасти вазирони Паймони Атлантики Шимолӣ, Амрико эълом кард, ки ба Афғонистон 17 ҳазор нафар сарбози дигар мефиристад. Айни ҳол талошҳои дипломатӣ идома доранд, то роҳҳои амни интиқоли муҳимот ба Афғонистон ба даст оварда шавад.
XS
SM
MD
LG