Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Клинтон аз Индонезия оғоз шуд


Ҳилларӣ Клинтон-вазири хориҷаи Амрико дар идомаи силсилабоздидҳои худ аз кишварҳои Осиё вориди Индонезия шуд. Вай зимни суханони худ дар Ҷакарта ҳангоме, ки аз пешрафтҳои Индонезия дар даҳсолаи ахир ситоиш мекард, чунин гуфт:

"Индонезия ва Амрико ду кишвари бузурги тавлидкунандаи гозҳои гулхонаӣ мебошанд ва мо ҳар ду бояд ҳамаҷониба ҳамкорӣ кунем, то роҳи ҳали онро пайдо кунем".

Силсилабоздидҳои Ҳиллиарӣ Клинтон аз кишварҳои Осиё бо Ҷопон оғоз шуд. Қарор аст баъд аз Индонезия хонум Клинтон боздидҳояшро аз Куриёи Ҷанубӣ ва Чин идома диҳад. Индонезия бузургтарин кишвари мусулмоннишини ҷаҳон аст. Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мехоҳад Амрико бо ҷаҳони ислом равобити хуб барқарор кунад.

XS
SM
MD
LG