Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Косоворо табрик ва аҳсан гуфтанд


Бритониё ва Амрико Косоворо табрик гуфтаанд, ки нахустин солгарди эъломи истиқолият ва ҷудо шудан аз Сербистонро таҷлил мекунад. Тайи ин як сол аз 17-уми феврали соли 2008 то кунун 54 кишвар, аз ҷумла Амрико ва аксари кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо Косоворо расман кишвари мустақил эътироф кардаанд. Аммо ин минтақаи албанишинро Сербистон ва шарикаш Русия расман эътироф накардаанд. Дейвид Миллибанд - вазири умури хориҷаи Бритониё бо нашри баёнияе гуфтааст, ки Косово дар ин як сол ба пешрафтҳои азиме даст ёфтааст.
XS
SM
MD
LG