Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси садову симои Эрон дар Тоҷикистон


Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ки имрӯз Саид Изатулло Зарғомӣ - раиси муасисаи садову симои Эрон ба Душанбе меояд. Ба иттилоъи хабаргузории давлатии “Ховар” дар ҷараёни сафари панҷрӯза Изатулло Зарғомӣ бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мақомоти олирутба тавсиаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар арсаи телевизион ва радиоро баррасӣ мекунад. Ҳамчунин масъалаи таъсиси телевизиони муштараки форсизабон, ки раҳбарони Тоҷикистону Эрону Афғонистон сари он тавофуқ кардаанд, баррасӣ мешудааст.
XS
SM
MD
LG