Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Водии Свот таҳти ҳукми шариат хоҳад омад


Мақомоти маҳаллӣ дар Покистон мегӯянд, ба хотири таскин додани ҷангиёни тарафдори Толибон дар водии бо Афғонистон ҳаммарзи Свот қонунҳои шариатро ҷорӣ хоҳанд кард. Ба гуфтаи мақомот, дар минтақаи Молоканд, ки водии Свотро низ дар бар мегирад, тамоми қонунҳои муноқиз бо меъёрҳои шариат аз маърази иҷро бардошта мешаванд. Ин тасмим дар пайи музокироти давлат бо раҳбари чирикиҳои тарафдори Толибон, ки назорати минтақаро ба даст овардаанд, эълон шуд.
XS
SM
MD
LG