Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Накагава маст буданаш дар Румро радд мекунад


Мухолифин дар Ҷопон ба иллати рафтораш дар нишасти ҳафтаи гузаштаи вазирони гурӯҳи Ҷӣ7 дар Рум аз вазири молияи Ҷопон Шоичӣ Накагава даъват кардаанд, истеъфо диҳад, вагарна аз мақом барканор карда хоҳад шуд. Аммо Накагава ин иттиҳомро, ки гӯё ӯ дар нишасти хабарии вазирони молия дар Рум маст будааст, радд мекунад. Вазири молияи Ҷопон мегӯяд, ки ӯ ба хотири табобати зуком доруи зиёд нӯшида буд ва ба ҳамин далел сӯҳбатҳояш дар он нишаст чунин беҳолу хоболуд ба назар мерасид. Шоичӣ Накагава аз ёрони наздики сарвазир Таро Асо, ки эътибораш ахиран рӯ ба коҳиш овардааст, ба шумор меравад. Талаби истеъфои Накагава дар ҳоле баланд мешавад, ки пасрафти иқтисоди Ҷопон амиқтар шудааст.
XS
SM
MD
LG