Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бар асари таркишҳо дар Алҷазоир 7 кас кушта шуданд


Бар асари ду инфиҷор дар шарқи Алҷазоир дасти кам 7 нафар кушта шуданд. Ин ҳодиса баъди он ба вуқӯъ пайваст, ки раиси ҷумҳур Абдулазиз Бутефлиқа дар бораи ширкаташ дар интихоботи нави раёсати ҷумҳур хабар дод. Ба иттилоъи хабаргузориҳои маҳаллӣ, ҳарду бомб дар канори шаҳри Тебассо инфиҷор шуданд. Мақомоти Алҷазоир масъулияти ин ҳамларо дар дӯши ифротгароҳои исломӣ вогузоштанд.

Интихоботи нави раёсатиҷумҳурии Алҷазоир рӯзи 9 апрел баргузор мешавад ва Абдулазиз Бутефлиқа, ки 72 сол дорад, дар он бори саввум ширкат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG