Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз боздиди Раҳмон аз Литва шурӯъ мешавад


Имрӯз боздиди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз Литва оғоз мешавад. Ин боздид ду рӯз, яъне рӯзҳои 12, 13-уми феврал давом мекунад. Дар ҷараёни ин боздид мулоқоти раҳбарони ҳар ду кишвар, суханронии оқои Раҳмон дар мулоқоти маҳофили бозаргонии ҳар ду кишвар ва дидору гуфтугӯ бо нахуствазири Литва дар назар гирифта шудааст. Дар рӯзи дуввум раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳонаш аз неругоҳи барқи обии Круониси шаҳри Каунас ва ширкати Элинта, ки ба тавлиди таҷҳизоти дақиқ машғул аст, боздид мекунанд.
XS
SM
MD
LG