Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониҳои таркишҳои Кобул меафзояд


Вазорати беҳдошти Афғонистон гуфт, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҷангиён ба сохтмонҳои ҳукуматӣ дар Кобул дасти кам 26 нафар ҷони худро аз даст доданд. Сухангӯи вазорат гуфт, ки 55 нафари дигар маҷрӯҳ гардиданд. Ҳанӯз мушаххас нест, ки оё омори қурбониҳо худи ҳамлагаронро дар назар мегирад ё на. Дар як ҳодиса гурӯҳи мусаллаҳе, ки дар миёни онҳо баъзеҳо бо камарбандҳои ҳомили маводи мунфаҷира буданд, ба сохтмони вазорати адлияи Афғонистон, воқеъ дар маркази Кобул ҳамла карда ба ҷониби гурӯҳи муҳофизон оташ кушоданд. Тибқи гузоришҳо чанд нафар, аз ҷумла ду ҳамлагар ва ду муҳофиз кушта шуданд. Дар шимоли Кобул ду маргталаб дар дафтари раҳбарияти зиндонҳо худро мунфаҷир карда 10 кушта бар ҷо гузоштанд. Полис ва шоҳидон гуфтанд, ки нирӯҳои амниятӣ як маргталаби эҳтимолиро, ки талош дошт ба сохтмони вазорати омӯзишу парвариш дохил шавад, нобуд карданд. Сухангӯи Толибон, ки масъулияти ин ҳамлаҳоро ба дӯш гирифт, гуфт, ки ин посухи онҳо ба тарзи бархӯрд бо Толибон дар зиндонҳои Афғонистон аст.
XS
SM
MD
LG