Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон боз дар остонаи бӯҳрони энержӣ


Тоҷикистон монанди зимистони гузашта дар остонаи фурӯпошии энергетикӣ қарор дорад. Имрӯз бори савум дар ин мавсим реҷаи интиқоли нерӯи барқ густариши бештар пайдо кард. Бисёр минтақаҳо комилан бебарқ монданд. Интиқоли барқ ба манзилу муассисаҳо дар шаҳри Душанбе боз як соат камтар гардид. Мақомоти давлат ваъда дода буданд, ки имсол дар пойтахти кишвар ҳеҷ маҳдудияти истифода аз нерӯи барқ ҷорӣ нахоҳад шуд. Аммо дертар ин маҳдудият ҷорӣ шуда, 27 январ густариш ёфт. Ҳамзамон бо маҳдудтар шудани интиқоли барқ дар Душанбе кишвари ҳамсоя - Узбакистон имрӯз интиқоли газ ба Точикистонро 40 дарсад коҳиш дод. Ҷониби Узбакистон сабаби ин тасмими худро ба қарзи Тоҷикистон рабт медиҳад, ки гуфта мешавад 16 миллион доллар аст.
XS
SM
MD
LG