Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон ба нахустин силсиласафари хориҷӣ мебарояд


Ҳилларӣ Клинтон нахустин силсиласафари хориҷиаш ба ҳайси вазири хориҷаи Амрикоро ба кишварҳои шарқи Осиё анҷом хоҳад дод. Ин сафар рӯзи 15 феврал оғоз ёфта, қарор аст, хонум Клинтон аз Ҷопони Кореяи ҷанубӣ, Чин ва Индонезия дидан кунад. Бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ва идомаи талошҳо ба хотири ба қатъи барномаҳои ҳастаияш ташвиқ кардани Кореяи шимолӣ аз масоили аслии матрӯҳа дар ҷараёни ин сафари вазири хориҷаи Амрико хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG