Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нирӯҳои муштараки вокуниши сареъ ташкил мешаванд


Рӯзи сешанбе ширкатдорони нишасти Шӯрои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ бо тарҳи аввалияи ташкили нирӯҳои муштараки вокуниши сареъ мувофиқа карданд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҳамаи санадҳои зарурӣ дар ин замина ба имзо расидааст. Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия дар нишасти имрӯзаи ин шӯро гуфт:

"Мо дар ин нишасти ғайринавбатии шӯрои созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ хеле тӯлонӣ як масъалаи марказиро оид ба механизми вокуниши сареъ ба хатару чолишҳои хеле зиёд баррасӣ кардем. Ва бояд бигӯям, ки ҳамаи ҳозирин барои қабули қарори муносиб ба мувофиқа расида тарҳи таъсиси нирӯҳои муштаракро низ ҳамоҳанг карданд".

Тибқи хабарҳо, Ӯзбакистон бо иловаи як шарт бо ташкили ин нирӯҳо мувофиқат кардааст. Интерфакс аз қавли як манбаи мӯътамад менависад, ки шарт ё "фикри вижа"-и Ӯзбакистон иборат аз он будааст, ки ин кишвар дар ҳайати нирӯҳои муштараки вокуниши сареъ ба таври доимӣ иштирок накарда, вале гоҳо ваколати "маъмуриятҳои воҳидҳои низомии худро" ба дӯши нирӯҳои дигар вогузор мекунад. Манбаъ меафзояд, ки Ӯзбакистон барои ширкат дар амалиёти минтақаии зидди қочоқи маводи мухаддир ва "дигар чолишҳои сартосарӣ" изҳори омодагӣ карда, аммо гуфтааст, ки дар ҷараёни амалиёти мушаххас ваколати иҷрои маъмуриятҳои худро ба дӯши дигарон вогузор мекунад. Нирӯҳои муштараки вокуниши сареъ таҳти чатри Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ муттаҳидкунии кулли воҳидҳои низомии кишварҳои узв, инчунин хадамоти вижаи вазоратҳои ҳолатҳои фавқулодда, нирӯҳои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва дигар хадамоти вижаро дар назар мегирад.
Дар нишасти Маскав имрӯз раҳбарони ҳафт кишвари узви ин созмон, яъне раҳбарони Русия Дмитрий Медведев, Арманистон - Серж Саркисян, Ҷумҳурии Беларус - Александр Лукашенко, Қазоқистон - Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон - Қурмонбек Боқиев, Ӯзбакистон - Ислом Каримов иштирок мекунанд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳам ки баъди эътирозаш аз мухолифатҳои Русия дар бунёди нирӯгоҳҳои барқии обӣ дар хоки Осиёи Марказӣ аз мулоқоти расмӣ бо Медведев дар таърихи 2 феврал худдорӣ варзид, дирӯз ба Маскав бо ҳадафи ширкат дар кори ин нишаст ва ҳамчунин ҳамоиши кишварҳои узви созмони ҳамкориҳои Авроосиё омадааст.
Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ соли 2002 дар заминаи Паймони амнияти дастаҷамъӣ (соли 1992) таъсис шуда, худро чун як созмони байналмилалии амниятӣ муаррифӣ мекунад, ки дар Маҷмаи кулли СММ низ мақоми нозирро дорад. Ҳадафи ин созмон таъмин ва ҳифзи амнияти миллии кишварҳои узв мебошад.
XS
SM
MD
LG