Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳинд таъсисоти ҳастаияшро бозтар мекунад


Ҳиндустон бо Ожонсии байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ қарордоди панҷсолае имзо кард, ки назорати 14 корхона аз 22 корхонаи ҳастаяшро ба нозирони он созмон иҷозат медиҳад. Ин қарордод ҷузъе аз шароити паймони бо Амрико имзошуда аст, ки бо вуҷуди аз имзои Созишномаи манъи густариши таслиҳоти ҳастаӣ сарпечӣ кардани Ҳинд, ба Деҳлӣ фурӯхтани фанновариҳои ҳастаиро мумкин мегардонад. Ҳинд нахустин бомби ҳастаияшро ҳанӯз соли 1974 сохтааст.
XS
SM
MD
LG