Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гелонӣ: Ҳамлаҳо боиси норозигӣ аз Амрико мешаванд


Юсуф Ризо Гелонӣ, сарвазири Покистон изҳор намуд, ки ҳамлаи ҳавопаймоҳои низомии амрикоӣ ба пойгоҳҳои гурӯҳҳои ошубгар дар қаламрави Покистон талошҳои артиши кишвар дар мубориза бо ин гурӯҳҳоро ноком месозад. Зимни суханронӣ дар Форуми байнулмилалии иқтисодӣ дар шаҳри Давос ӯ афзуд, ки ин ҳамлаҳо боиси норозигии ҳарчӣ бештари мардум аз сиёсати Амрико мешаванд. Гелонӣ аз раисиҷумҳури ИМА Барак Обама даъват кард, ки аз дигар шеваҳои мубориза бо ифротгароён кор бигирад.

Соли гузашта ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ ба пойгоҳҳои ошубгарон дар манотиқи бо Афғонистон ҳаммарзи Покистон тақрибан 30 ҳамла анҷом доданд.

XS
SM
MD
LG