Вазорати хориҷаи Миср гуфт, Қоҳира дар таърихи 2 март мизбони анҷумани байналмилалии эъмори муҷаддади сарзаминҳои фаластинии навори Ғазза хоҳад шуд. Бино ба муҳосибаҳои муқаддамотӣ, хисороти ворида бар асари амалиёти 22-рӯзаи низомии Исроил, ки мунҷар ба ҳалокати ҳудуди 1300 фаластинӣ шуд, қариб 2 миллиард долларро ташкил медиҳад. Арабистони Саудӣ гуфтааст, барои барномаҳои эъмори Ғазза 1 миллиард доллар хоҳад дод. Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун рӯзи панҷшанбе хостори иттихози оҷили 613 миллион доллар ба хотири расонидани кӯмакҳо ба сокинони навори Ғазза шуд.