Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"5+1" дар Франкфурти Олмон ҷамъ хоҳад шуд


Вазорати хориҷаи Олмон гуфт, намояндагони баландпояи 5 кишвари узви доимии Шӯрои Амният бо изофаи Олмон рӯзи чоршанбеи оянда дар Франкфурт ба баҳси барномаҳои ҳастаии Эрон хоҳанд пардохт. Ин нахустин нишасти намояндагони гурӯҳи “5 +1” аз замони ба курсии раёсати ҷумҳурии Амрико нишастани Барак Обама хоҳад шуд. Обама гуфтааст, ки барои гуфтугӯ бо Эрон омода ҳаст, аммо мақомоти амрикоӣ ҳушдор додаанд, ки агар Теҳрон тақозои Шӯрои Амният дар мавриди қатъи фаъолиятҳои ғанисозии ураниумашро иҷро накунад, ба фишор ва таҳримоти боз ҳам бештар рӯбарӯ хоҳад шуд. Вазири хориҷаи Эрон Манучеҳри Муттакӣ рӯзи панҷшанбе дар Давос гуфт, Эрон барои ҳамкорӣ омода ҳаст, вале ба шарте ки Амрико сиёсат ва амалкардҳояш дар минтақаро тағйир диҳад.
XS
SM
MD
LG