Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Эрдуғон бо Саркисиён дар Давос


Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва раисиҷумҳури Арманистон Серж Саркисиён дар ҳошияи иҷлоси солонаи анҷумани иқтисодии Давос барои нахустин бор мулоқоти дуҷониба доир кардаанд, ки қадаме дигар дар роҳи хатми солиёни хусумат миёни Анкараву Ереван арзёбӣ мешавад. Ереван мулоқоти анҷомшуда дар Давосро мусбат хондааст. Туркияву Арманистон ба далели ихтилофи назарашон бар сари куштори ҷамъии арманиҳо дар солҳои ҷанги аввали ҷаҳон то ҳол равобити дипломатӣ надоранд. Арманистон ва тақрибан 20 кишвари дигар куштори якуним миллион арманӣ дар соли 1915-ро наслкушӣ мешуморанд. Аммо Туркия он қатлҳоро талафоти ҷанги шаҳрвандӣ медонад. Марзи миёни Туркияву Арманистон низ аз солҳои навадум ба ин сӯ баста аст.
XS
SM
MD
LG