Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Ҷиҳоди Исломӣ ба Олмон


Матбуоти Олмон мегӯяд, як гурӯҳи террористии узбакиасос таҳдид кардааст, ки дар посух ба иқдомоти, ба гуфтаи ин гурӯҳ, “ишғолгарона”-и Олмон дар Афғонистон алайҳи ин кишвар як силсила ҳамлаҳо анҷом хоҳад дод. Гурӯҳи мавсум ба Иттиҳоди Ҷиҳоди Исломӣ, ки бовар меравад, бо Ҳаракати исломии Узбакистон ва бо Ал-Қоида робита дорад, дар як паёми нимсоатаи видиёӣ, ки дар вебсайташ дар Интернет нашр кардааст, Олмонро ҳамчунин айбдор мекунад, ки ба хотири поён додан ба амалиёти низомии Исроил дар сарзаминҳои фаластинии навори Ғазза иқдоме накард. Тошканд Ҷиҳоди Исломиро дар даст доштан дар чанд ҳамлаи террористӣ, аз ҷумла ҳамлаҳои маргталабонаи тобистони соли 2004 алайҳи сафоратхонаҳои Амрикову Исроил, ки дасти кам 3 кушта барҷой гузошт, муттаҳам мекунад.
XS
SM
MD
LG