Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Раҳмон бо се сафири ҷадиди аврупоӣ


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз суфарои ҷадиди се кишвари узви ИА – Бритониё, Фаронса ва Латвияро ба ҳузур пазируфт. Сафири нави Бритониё Тревор Мур ба дунбол гуфт, кишвараш барои сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳоти энержӣ ва баҳрабардорӣ аз захоири табиии ин кишвар омода буда, ӯву оқои Раҳмон дар мавриди зарурати ба як сатҳи сифатан хубтар расондани мизони ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Бритониё иттифоқи назар доранд. Сафири ҷадиди Фаронса Анрӣ Зиппер де Фабианӣ вазъи феълии равобити миёни Душанбеву Порисро тавсиф кард. Фаронса танҳо кишвари узви эътилофи ҷаҳонии зиддитеррор аст, ки шуморе аз нирӯҳояшро дар фурудгоҳи Душанбе мустақар карда, интиқоли муҳимот барои сарбозонаш дар Афғонистонро тавассути Тоҷикистон анҷом медиҳад. Фаронса ба хотири барномаи бозсозии фурудгоҳи Душанбе низ 17 миллион евро ҷудо кардааст.
XS
SM
MD
LG