Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ҳавоии Исроил ба нақбҳои қочоқӣ


Исроил имрӯз болои нақбҳое, ки ба хотири қочоқи аслиҳа ва ғизо аз Миср ба сарзаминҳои фаластинии навори Ғазза истифода мешаванд, ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дод. Дар бораи хисороти ворида бар асари ин ҳамла хабаре ҳанӯз ба даст нарасидааст. Аммо ҳамлаи ҳавоии Исроил ҳамагӣ як рӯз баъд аз таркиши бамб дар наздикии марзи Исроил бо Ғазза сурат гирифт. Дар он инфиҷор як сарбози исроилӣ кушта шуд. Сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт шоми сешанбе гуфт, посухи қотеъи Исроил ҳанӯз дар пеш аст.
XS
SM
MD
LG