Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи хушунатҳо дар Афғонистон


Дар шарқи Афғонистон зимни ду ҳамлаи толибҳо ду афсари полис ва се шаҳрванди осоишта кушта шудаанд. Дар ноҳияи Навои вилояти Ҳилманд дар ҷануби Афғонистон полиси афғон бо пуштибонии нерӯҳои НАТО панҷ мусаллаҳи толибро ба ҳалокат расондаанд. НАТО дар ин байн хабар додааст, ки ду сарбози он дар ҷануби Афғонистон кушта шудаанд. Ин манбаъ ҳувияти кушташудагон ва тафсилоти ҳодисаро нашр накардааст.
XS
SM
MD
LG