Матбуоти Олмон хабар медиҳад, ки як гурӯҳи тундгарои узбактаборон, ки бо шабакаи Ал-Қоъида пайванд дорад, мехоҳад, барои ба гуфтаи он "ишғоли Афғонистон", ба Олмон зарба занад. Шабакаи телевизионии АRD-и Олмон гуфт, мақомот паёми интернетиеро таҳқиқ мекунанд, ки дар он шаш мусаллаҳи ниқобдор ҳамчун аъзои Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ таҳдид кардаанд, ки барои 3300 сарбози олмонӣ дар Афғонистон чанд тӯҳфаи "ҳаяҷонбахш" доранд. Мусаллаҳон инчунин сарвазири Олмон, Ангела Меркелро танқид кардаанд, ки ба муқобили ҳамлаи 22-рӯзаи Исроил ба Ғазза иқдома накард.