Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилавгирӣ аз ҳамлаи эҳтимолӣ ба сафорати Амрико


Маъмурони амниятӣ дар Яман алайҳи мошине тир кушоданд, ки мустақиман ба самти сохтмони сафорати Амрико ҳаракат мекард. Се мусофири ин мошин боздошт шуда, таҳти бозпурсӣ қарор доранд. Дар таърихи 16 сенятбри соли гузашта бар асари ҳамла ба сафорати Амрико дар Санъо, пойтахти Яман, 16 кас кушта шуда буд. Масъулияти он ҳамларо шабакаи Ал-Қоида бар ӯҳда гирифт.
XS
SM
MD
LG