Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози эрониҳо аз Аврупо ва "Муҷоҳидони халқ"


Имрӯз садҳо эрониҳо ба нишони эътироз аз он ки Иттиҳодияи Аврупо ният дорад гурӯҳи "Муҷоҳидони халқ"-ро аз феҳрасти ташкилоти террористӣ берун кунад, дар муқобили сафорати Фаронса дар Теҳрон раҳпаймоӣ карданд. Интизор меравад, ки рӯзи душанбе Иттиҳодияи Аврупо исми гурӯҳи мухолифини "Муҷоҳидони халқ"-ро аз листи ташаккулҳои террористии худ ҳазв карда бо ин ба баҳсҳои тӯлонимуддати ҳуқуқӣ нуқта гузорад. Моҳи гузашта додгоҳе дар Люксембург ҳукм кард, ки Иттиҳодияи Аврупо иштибоҳан сармояҳои "Муҷоҳидони халқ"-ро масдуд карда ҳақи ин созмонро бо ин ки исмашро бидуни тавзеҳе дар рӯйхати созмонҳои террористӣ ҷо дод, поймол кардааст.
XS
SM
MD
LG