Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед аз шаҳри ҳамлаҳои Покистон худдорӣ кард


Кохи Сафед ташреҳи ҳодисаи ҳамлаи нави мушакиро, ки дар шимолуғарби Покистон аз ҷониби ҳавопаймои бидуни халабони амрикоӣ анҷом шудааст, рад кард. Дар натиҷаи ин ҳодиса 15 нафар ба ҳалокат расиданд. Ин нахустин ҳамлаҳои мушакии зидди ҷангиён дар Покистон баъди ба кор шурӯъ кардани раиси ҷумҳурии нави Амрико Барак Обама мебошад. Гузоришҳо ба нақли қавл аз мақомоти амниятӣ ҳокист, ки дар натиҷаи ҳамлаҳо болои Вазиристони Шимолӣ ва Вазиристони Ҷанубӣ ахиран 15 нафар кушта шуданд. Ҳамлаҳо баъди он сурат гирифт, ки рӯзи панҷшанбе Обама сафири пешини ИМА дар СММ Ричард Ҳолбрукро фиристодаи вижаи ин кишвар дар Афғонистону Покистон унвон дод.
XS
SM
MD
LG