Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салимов: Маркази интиқоли узвҳои бадан боз мешавад


Вазорати беҳдошти Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки соли ҷорӣ Маркази амалиёти пайванди узвҳои бадани инсонро боз кунад. Дар ин бора имрӯз дар нишасти хабарие дар Душанбе Нусратуллоҳ Салимов-вазири беҳдошти Тоҷикистон хабар дод. Ба гуфтаи вазир, ҳоло дар ихтиёри кормандони беҳдошти Тоҷикистон ду дастгоҳи амалиёти интиқоли узви бадани як инсон ба инсони дигар вуҷуд дорад ва дар оянда вазорат барои анҷоми чунин амалиёт таҷҳизоти дигар низ харидорӣ мекунад. Дар ҷараёни чунин амалиёт маъмулан узвҳои дарунӣ, аз ҷумла, дилу гурдаро аз каси дигар пайванд медиҳанд. Оқои Салимов дар ин нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфтааст, арзиши чунин амалиёт дар кишварҳои аврупоӣ то 20 ҳазор доллар арзиш дорад, дар ҳоле, ки пизишкони тоҷик ин корро бо 3-4 ҳазор доллар анҷом медиҳанд.
XS
SM
MD
LG