Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба тронзити коло ба Афғонистон кӯмак мекунад


Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия имрӯз дар Тошканд-пойтахти Ӯзбакистон гуфт, Маскав омода аст бо Амрико ва Афғонистон дар бахши интиқоли колоҳои ғайринизомӣ ба Афғонистон ҳамкорӣ ва кӯмак кунад. Оқои Медведев баъд аз мулоқоташ бо Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Ӯзбакистон гуфт, ҳамкориҳои Маскав, ба истилоҳи вай, бояд "ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва ҳамкориҳои баробар" бошад. Баъд аз чанд ҳамлаи тундравҳо ба корвони мошинҳои ҳомили молу коло ба нируҳои НАТО дар Афғонистон дар ағбаи Хайбари Покистон ҳоло Амрико дар ҷустуҷӯи роҳҳои алтернативи ҳамлу нақли чунин коло ба Афғонистон аст. Имрӯз Каримов гуфт, вай бими он дорад, ки ташдиди ташуаннуҷ дар Покистон метавонад заминаи нооромии вазъро дар Осиёи Марказӣ ба вуҷуд орад.

XS
SM
MD
LG