Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи ИА аз тавофуқи Русияву Украина


Сухангӯи давлати Чехия, ки раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро бар ӯҳда дорад, аз ахзи тавофуқ миёни Русияву Украина дар масъалаи газ истиқбол кард, вале гуфт, ИА ҳанӯз дақиқ намедонад, ки интиқоли гази Русия ба Аврупо тавассути Украина оё кай аз сар гирифта хоҳад шуд. Ҳукумати Украина имрӯз гуфт, Киеву Маскав алакай рӯзи душанбе қарордод дар бораи шароити содироти гази Русия ба Украина ва транзити газ ба Аврупоро имзо хоҳанд кард. Тавофуқ дар ин бора дар пайи музокироти тӯлонӣ ва мушкили сарвазирони ду кишвар Владимир Путин ва Юлия Тимошенко рӯзи шанбе дар Маскав ба даст омад. Русия интиқоли газаш ба Украинаро аз 1 январ қатъ карда, аз 7 январ транзити газ ба Аврупо тавассути он кишваррро ба далели дар Украина дуздӣ шудани миқдоре аз он қатъ кард.
XS
SM
MD
LG