Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари мухолифини қирғизро боздошт намуданд


Рӯзи шанбе полиси Қирғизистон раҳбари шинохтаи мухолифини ҳукумати ин ҷумҳурӣ ва пайравони ӯро бо иттиҳоми кӯшиши ташкили гирдиҳамоии ғайриқонунӣ боздошт намуд. Омурбек Текебоев раҳбари ҳизби Ота-макон дар минтақаи Талас боздошт шуд. Тибқи гузоришҳо дар он ҷо мебоист конфронси ҳизби зери раҳбарии ӯ доир гардад. Сухангӯи вазорати корҳои дохилии Қирғизистон боздошти Текебоевро тасдиқ кард. Ҳамчунон баъди дарёфти силоҳи шикорӣ дар мошини Текебоев ӯро бо нигаҳдошти ғайриқонунии силоҳ муттаҳам намуданд. Аммо Текебоев мегӯяд, ки ӯ иҷозати нигаҳдошти силоҳи шикориро дар ихтиёр дорад. Текебоев собиқ раиси Маҷлиси қонунгузори Қирғизистон аст, ки муддатҳои тӯлонӣ бо президенти ин кишвар Қурмонбек Боқиев мухолифат дорад. Моҳҳои ахир Текебоев танқиди ҳукуматро афзоиш дода, бо истифода мухолифинро дар канори худ муттаҳид намудааст.
XS
SM
MD
LG