Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буданов, қотили духтари чечен, ба озодӣ баромад


Афсари рус, ки барои куштани як духтари чечен ба 10 соли ҳабс маҳкум шуда буд, имрӯз пеш аз мӯҳлат ба озодӣ баромад. Полковник Юрий Буданов дар соли 2003 барои рабудан ва куштани духтари 18-солаи чечен Элза Кунгаева барои рафтори намуна дар зиндон пас аз ҳаштуним соли ҳабс озод шуд. Буданов мегуфт, Кунгаева нишонзани ҷудоихоҳон буд. Озодии Буданов пеш аз мӯҳлат эътирози чеченҳоро ба вуҷуд овард. Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Чеченистон, Нурдӣ Нухаҷиев онро "ғояти беэҳтиромӣ" ба ҳазорон нафар аз чеченҳо номиид.
XS
SM
MD
LG