Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Милибанд: "Ҷанги зидди террор" бадиҳои бештар овард


Вазири умури хориҷии Бритониё, Дейвид Милибанд, мегӯяд, стратегияи "ҷанги зидди террор", ки Иёлоти Муттаҳида илҳомбахши он буд, аз хубӣ дида бадии бештар овард. Дар мақолааш дар рӯзномаи "Гордиан" ва суханронияш дар Мумбай, Милибанд гуфт, тасвири таҳдиди гурӯҳҳои мутафарриқи тундрав ба ҳайси муборизаи содаи байни "неку бад" як иштибоҳе буд, ки ба тундравон ангезаи муштараки зиддиғарбӣ дод. Милибанд ҳамчунин гуфт, низомҳои демократӣ бояд ба терроризм бо "қаҳрамонсозии ҳокимияти қонун" посух диҳанд, на бо "мутеъ кардани он."
XS
SM
MD
LG