Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 13 нафар дар суқути чархболи Афғонистон


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, як чархболи артиши ин кишвар бо сабаби бад будани ҳаво дар вилояти ғарбии Ҳирот суқут кард. Дар ин ҳодиса 13 нафар, аз ҷумла як фармондеҳи аршад кушта шудаанд. Чархбол ба кӯҳ бархӯрда, афтодааст. Сухангӯи Вазорати дифоъи Афғонистон гуфт, фармондеҳи корпуси ҳарбии "Зафар" дар ғарби кишвар дар миёни кушташудагон аст.
XS
SM
MD
LG