Мақомоти Қазоқистон гуфтаанд, ба Тоҷикистоне, ки дар рӯёрӯйӣ бо бӯҳрони саросарии молӣ қарор дорад, 12 миллион доллар кӯмаки башардӯстона ироъа хоҳанд кард. Ин тасмим баъд аз як сӯҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҳамтои қазоқистонияш Нурсултон Назарбоев гирифта шудааст. Оқои Назарбоев гуфтааст, Қазоқистон тибқи паймоне, ки раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Бишкек имзо кардаанд, ба Тоҷикистон 29 ҳазор тон мазут, 9 ҳазор тон сӯзишвории дизелӣ ва 12 ҳазор тон ғалладона мефиристад. Раисҷумҳурии Тоҷикистон ин иқдоми Қазоқистонро пазируфта ва онро қадами дигаре барои ҳамбастагии ҳарду кишвар донистааст.