Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гази Русия ба миқдори кам ба Аврупо меравад


Имруз Комиссияи Аврупо гуфт, баъди аз саргирии интиқоли гази Русия ба Аврупо тавассути Укроин миқдори хеле ками газ ба Аврупо ворид мешавад. дар ин бора Рио Аренкилде Ҳансен- сухангӯи Комиссияи Аврупо аз ҳар ду ҷониб хост, таъаҳҳудоти худро риъоят кунанд:

"Хабаре, ки мо аз бозрасони худ аз Русия дорем, ин аст, ки аз Русия гази кам интиқол меёбад ё газ нест. Ва мо дар ин марҳала намехоҳем ба хулосае расем, ки чаро ин тавр аст. Вале ин вазъ хеле ҷиддист ва зоҳиран бояд, ба зуддӣ ислоҳ шавад".

Укроин мегуяд, ба сабаби набуди ҳамоҳангӣ аз ҷониби Русия интиқоли газро боздоштааст.
XS
SM
MD
LG