Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Веблоги нахуствазири Қазоқистон дар Интернет


Нахуствазири Қазоқистон Карим Масимов ба вазирони ҳукуматаш иҷоза дод, ки блогҳои интернетии хусусиро боз кунанд, то ки бо мардуми оддӣ наздиктар шаванд. Масимов дар як нишасти ҳукуматӣ гуфт, ки саҳифаи хусусии худро дар шабакаи Интернет ҳафтаи гузашта боз кардааст. Дар пай, вай ба аъзои кабинаи худ таҳқиқи мавридҳои танқиду шикояти мардумро амр додааст. Дар Қазоқистон тибқи иттилои расмӣ аз 16 миллион аҳолӣ 14 % ба Интернет дастрасӣ доранд. Аксари корбарони Интернет шикоят мекунанд, ки мизони назорат ва сензураи интернетӣ афзоиш ёфта расонаҳои дохилӣ хеле кам ба ҳукумат барои тавзеҳи баъзе тасмиму қарорҳо муроҷиат мекунанд.
XS
SM
MD
LG