Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷорҳои хунин дар Бағдод


Пулиси Ироқ мегӯяд, имрӯз дар Бағдод бар асари бамбгузориҳое, ки нирӯҳои амниятии Ироқро ба ҳадаф доштанд, дасти кам 5 нафар ба ҳалокат расида, тағқрибан 20 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Ду бамб дар роҳи гузари як ҳайъати дидбонӣ дар шарқи Бағдод таркида, 3 нафарро кушта ва дасти кам 10 тани дигарро захмӣ бар ҷой гузошт. Таркишҳои дигар алайҳи ҳайъатҳои дидбонии пулис ва артиш дар маркази Бағдод сурат гирифта, мунҷар ба ҳалокати ду нафар ва ҷароҳат бардоштани чандин тани дигар шуд.
XS
SM
MD
LG