Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил дар истифодаи фосфор муттаҳам мешавад


Созмони Дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch аз Исроил даъват кард, ки истифодаи маводи оташзоро дар маҳалҳои серодами Навори Ғазза хотима диҳад, то ки ҳаёти мардуми осоиштаро бо хатар рӯбарӯ насозад. Созмони мустақар дар Ню-Йорк мегӯяд, таҳқиқоти онҳо собит мекунад, ки артиши Исроил зимни бомборони ҳадафҳо дар қароргоҳҳои муҳоҷирон аз маводи таркандае истифода мекунад, ки баъди расидан ба ҳадаф оташ мегирад ва як дуди ғализе баъди он пайдо мешавад. Human Rights Watch мегӯяд, ин маънои онро дорад, ки Исроил аз маводи таркандаи дорои фосфори сафед истифода мекунад. Табибони фаластинӣ гуфтанд, захмҳоеро муолиҷа кардаанд, ки бар асари сӯхтори аслиҳа ба вуҷуд меояд. Исроил мегӯяд, ки танҳо аз аслиҳае кор мегирад, ки тибқи қонунҳои байналмилалӣ иҷоза дода шудааст.
XS
SM
MD
LG