Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай дар Ҳинд ба сар мебарад


Раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомиди Карзай бо ҳадафи анҷоми як сафари дурӯза дар Ҳинд ба сар мебарад. Қарор аст зимни мулоқоту гуфтугӯҳо бо нахуствазири ин кишвар Манмуҳан Сингҳ масоили марбут ба мубориза бо терроризм ва ҳамкориҳои иқтисодии миёни Ҳинду Афғонистон баррасӣ шавад. Карзайро дар ин сафар вазири хориҷа Рангин Додфар Спанто ва мушовири амнияти миллӣ Залмаи Расул ҳамроҳӣ мекунанд. Мақомоти Ҳинд "ҷосусони расмӣ"-и Покистонро барои даст доштан дар ҳамлаҳои моҳи ноябри Мумбай, ки боиси ҳалокати беш аз 170 нафар шудааст, муттаҳам кардаанд. Дар ҳамин ҳол, Афғонистон низ Покистонро пайваста дар додани паноҳгоҳ ба ҷангиёни Толибон ва Ал-Қоида муттаҳам мекунад.
XS
SM
MD
LG