Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ва ИА санади назорат бар гaзро имзо карданд


Бино ба гузоришҳо, Русия ва Иттиҳодияи Аврупо дар бораи назорат бар интиқоли гоз тавассути Укроин ба Аврупо созишнома имзо карданд. Ин созишнома дар ҳоле имзо шуд, ки Мирек Тополанек-нахуствазири ҷумҳурии Чех ва раҳбари ҳайати Иттиҳодияи Аврупо дар Маскав бо Влодимир Путин-нахуствазири Русия дидор ва гуфтугу кард. Ҳадаф аз ин дидор рафъи буҳрони Укроину Русия роҷеъ ба интиқоли гози Русия ба Аврупо буд. Нахуствазири Чех Топланек, ки кишвараш ҳоло раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро бар уҳда дорад, гуфт, шаби гузашта бо ҷониби Укроин ба тавофуқи шифоҳӣ даст ёфтааст. Вале Путин ба Тополанек гуфт, то замоне, ки санаде дар ин бора ба имзо нарасад, чунин тавофуқот эътибор нахоҳанд дошт:

"Ман умедворам, ки шумо ҳамкорони Киев ва Укроинро ба зарурати имзои санадҳои муносиб ташвиқ кардаед"

Интиқоли гози Русия ба Аврупо бар асари мубоҳисоти Укроину Русия бар сари пардохти қарз ва нархи гaз қатъ шудааст.
XS
SM
MD
LG