Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон аз Тоҷикистон қарздор нест


Вазорати молияи Тоҷикистон иттилоъ дар бораи 12 миллоин доллар қарзи давлатии Қазоқистон аз Тоҷикистонро рад кард. Дар изҳороти вазорат, ки имрӯз нашр шуд, омадааст, ширкати барқи Қазоқистон барои истифода аз нерӯи барқи Тоҷикистон дар солҳои 90-ум 12 миллион доллар қарздор аст. Айни ҳол, баъди аз байн рафтани ширкати барқи Қазоқистон, муассисаи давлатии “Хаттҳои миллии барқи Қазоқистон” масъули пардохти ин қарз ба ширкати “Барқи тоҷик” аст. Дар изҳорот омадааст, ки ин қарзи як ширкати давлатӣ аз дигар ширкати давлатист ва аз ин рӯ онро наметавон қарзи давлати Қазоқистон номид.

XS
SM
MD
LG