Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойинтарин сарбахш дар таърихи бонки Бритониё


Бонки марказии Бритониё дарсади сарбахш ё баҳраи баргаҳои қарзро ба ҳадди аз асри 17, яъне аз замони таъсиси Бонки Инглистон бесобиқа пойин овард. Бонки марказӣ имрӯз фоизи баргаҳои қарзро аз 2 то ба 1,5 дарсад пойин бурд. Ин иқдом дар ҳоле сурат мегирад, ки пасрафти иқтисод дар Бритониё боз ҳам амиқтар ва боиси афзоиши шумори бекорон, ба замин задани нархи манзил ва аз тиҷорати худ маҳрум шудани соҳибкорони зиёде шудааст.
XS
SM
MD
LG