Бино ба хабарҳо, аз қаламрави Лубнон алайҳи шимоли Исроил дасти кам се мушак партоб кардаанд. Ҳанӯз рӯшан нест, ки ин мушакҳоро кӣ партоб карда ва гурӯҳе ҳам то ҳол масъулияти ин мушакандозиҳоро бар ӯҳда нагирифтааст. Давлати Лубнон бо нашрия як баёния ин ҳамалоти мушакиро интиқод кард. Фармондеҳи нирӯҳои ҳомии сулҳи СММ дар Лубнон, дар ҳамин ҳол, ҳарду кишварро ба ҳадди аксари хештандорӣ даъват кардааст. Бо он ки амалиёти низомии артиши Исроил дар сарзаминҳои фаластинии навори Ғаза вориди рӯзи 13-ум мешавад, ҳамалоти мушакии имрӯза нигарониеро ба вуҷуд овардааст, ки шояд алайҳи Исроил ҷабҳаи дуввуми ҷанг боз шавад. Интизор меравад, намояндагони Исроил, гурӯҳи Ҳамос ва ташкилоти худгардони Фаластин бо мақомоти Миср тарҳи оташбасеро баррасӣ кунанд, ки ба хотири хатми хунрезиҳо дар Ховари Миёна пешниҳод шудааст. Ин дар ҳолест, ки амалиёти низомии артиши Исроил дар навори Ғаза то имрӯз ҳудуди 700 фаластинӣ ва 10 исроилиро кушта барҷой гузоштааст.