Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Газпром" нархи газро барои Укроин афзуд


Ширкати давлатии “Газпром” бо иттихози мавқеъи сахттаре дар баробари Укроин қимати гази содиротиаш барои ин кишварро боло бурдааст. Алексей Миллер - раиси "Газпром" имрӯз гуфт, ин ширкат мехоҳад, то Укроин барои ҳар ҳазор метри мукааб гази табиӣ на 418 балки 450 доллар бипардозад. Давлати Укроин мегӯяд, Газпром майл надорад, то муомилаи дурусте дар масъалаи қимати газ ҳосил шавад. Ба гуфтаи давлати Укроин, дар баробари афзоиши қимати газ, бояд ҳаққи транзити гази Русия ба кишварҳои Аврупо, ки аз тариқи шабакаҳои Укроин сурат мегирад, боло бурда шавад.

XS
SM
MD
LG